Комиссияи Аврупо 4 декабри соли 2025 ҷаласаи махсуси онлайнӣ доир ба имкониятҳои иштирок дар барномаи Horizon Europe барои кишварҳои Осиёи Марказиро баргузор менамояд.
Horizon Europe — бузургтарин барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии таҳқиқот ва инноватсия мебошад.
Ин чорабинӣ барои донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ташкилотҳое равона шудааст, ки мехоҳанд дар лоиҳаҳои байналмилалӣ иштирок карда, ҳамкорӣ бо шарикони аврупоиро густариш диҳанд.
🧭 Дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён метавонанд:
🔹 бо Барномаҳои кори Horizon Europe 2026–2027 шинос шаванд
🔹 дар бораи имкониятҳои иштирок дар озмунҳо, аз ҷумла самти “Ашеи хоми муҳими стратегӣ” (Critical Raw Materials (CRM)) маълумот гиранд
🔹 роҳнамои амалӣ оид ба ташкили консорсиумҳо ва пайдо кардани шарикон дастрас намоянд
🔹 дар сессияҳои нетворкингӣ дар формати break-out rooms иштирок карда, бо шарикони эҳтимолӣ аз кишварҳои Аврупо ва минтақа робита барқарор намоянд
🗓 Сана: 4 декабри соли 2025
⏲️ Время: 13:00–16:00 (бо вақти Душанбе)
💻 Формат: Онлайн (пайванди Zoom баъди бақайдгирӣ ирсол мегардад)
🔗 Бақайдгирӣ аз рӯи пайванд: