17 феврали соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва ташкили Дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон Рӯзи иттилоотӣ таҳти унвони «Имкониятҳои Erasmus+ дар Тоҷикистон: байналмилалигардонӣ ва рушди таҳсилоти олӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ тақрибан 70 нафар донишҷӯён ва омӯзгорон иштирок намуданд. Қисми зиёди ҳозиринро донишҷӯёни бахшҳои якум то сеюм ташкил медоданд, ки бо мақсади дарёфти иттилооти муфассал оид ба имкониятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои мубодилаи академӣ дар доираи барномаи Erasmus+ фаъолона ширкат варзиданд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ таъкид намудани аҳамияти байналмилалигардонии таҳсилоти олӣ, густариши робитаҳои академӣ ва ҷалби фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба ташаббусҳои байналмилалии таълимӣ арзёбӣ гардид.
Бо маърӯзаи «Имкониятҳои Erasmus+ дар Тоҷикистон: байналмилалигардонӣ ва рушди таҳсилоти олӣ» ҳамоҳангсози Дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон, доктор PhD Моҳбону Накҳатзода, суханронӣ намуд. Мавсуф зимни баромади худ доир ба имкониятҳои барнома барои донишҷӯён, омӯзгорон ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ маълумоти фарогир пешниҳод намуда, тартиби иштирок дар барномаҳои мубодилаи академӣ, татбиқи лоиҳаҳои шарикӣ ва имкониятҳои рушди касбиро тавзеҳ дод. Маърӯза хусусияти иттилоотӣ дошта, пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии донишҷӯён равона гардида буд.
Ҳамчунин, профессори иқтисоди кафедраи тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қодирова Заррина бо маърӯзаи «Тақвияти иқтидор дар таҳсилоти олӣ (CBHE)» баромад намуда, механизмҳои амалисозии чунин лоиҳаҳоро шарҳ дод. Зимнан таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои рушди иқтидор ба такмили сифати барномаҳои таълимӣ, рушди салоҳиятҳои идоракунӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олӣ мусоидат менамояд.
Қисмати ҷамъбастии чорабинӣ дар шакли саволу ҷавоб баргузор шуд. Иштирокчиён, бахусус донишҷӯён, фаъолнокии назаррас зоҳир намуда, вобаста ба шартҳои иштирок, меъёрҳои интихоб ва имкониятҳои таҳсилу таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар саволҳои мушаххас пешниҳод карданд. Муҳити баргузории чорабинӣ озоду созанда буда, ба рушди муколамаи судманд миёни маърӯзачиён ва ҳозирин мусоидат намуд.
Дар маҷмӯъ, Рӯзи иттилоотӣ ба минбари муҳимми баланд бардоштани сатҳи огоҳии донишҷӯён, бахусус донишҷӯёни бахшҳои якум то сеюм, доир ба имкониятҳои барномаи Erasmus+ табдил ёфта, барои тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва такмили минбаъдаи низоми таҳсилоти олӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.