
6–7 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе, дар Маркази «ЭКСПО-Душанбе», Сеюмин Фестивал–намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 расман оғоз гардид. Чорабинӣ ба яке аз платформаҳои муҳим барои муаррифии имкониятҳои таҳсилоти байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ табдил ёфтааст.
Дафтари миллии барномаи Erasmus+ дар Тоҷикистон дар фестивал бо иштироки фаъолонаи кормандон ва волонтёрони худ ширкат варзид. Дар ҷараёни чорабинӣ ба довталабон, донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ имкониятҳои барномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Erasmus+, муаррифӣ гардида, инчунин вохӯриҳо бо шарикони эҳтимолӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳо баргузор шуданд.
Қисми расмии ифтитоҳи фестивал 6 апрел дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарону намояндагони донишгоҳҳои ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин шарикони рушд ва меҳмонон аз кишварҳои гуногун иштирок намуданд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки фестивал ҳамчун майдони муаррифии имкониятҳои таҳсил, барқарорсозии робитаҳои мустақим байни донишгоҳҳо ва рушди ҳамкориҳои илмӣ ва инноватсионӣ хизмат мекунад. Он барои татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла барномаҳои дипломҳои дугона, таъсиси факултетҳои муштарак ва роҳандозии лоиҳаҳои илмӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Баъди анҷоми қисми расмӣ, иштирокчиён аз намоишгоҳи донишгоҳҳои хориҷӣ дар Маркази «ЭКСПО-Душанбе» боздид намуда, бо барномаҳои таълимӣ, имкониятҳои таҳсил ва пешниҳодҳои стипендиявии муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз кишварҳои гуногун шинос гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур аз 6 то 10 апрели соли 2026 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара баргузор гардида, ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти босифат ва рушди робитаҳои илмӣ мусоидат менамояд.