Донишгоҳҳои Тоҷикистон дар лоиҳаи «Оби сабз барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» (GreenCA) дар доираи барномаи Эразмус+ CBHE 2025 иштирок мекунанд

Агентии иҷроияи Аврупо оид ба маориф ва фарҳанг (EACEA) рӯйхати пешакии лоиҳаҳоеро, ки барои маблағгузорӣ дар доираи даъвати Эразмус+ “Балнд бардоштани иқтидор дар таҳсилоти олӣ (CBHE) барои пешниҳодҳо барои соли 2025” пешниҳод шудаанд, нашр кард.

Аз 173 лоиҳаи интихобшуда ду муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи байналмилалӣ ширкат меварзанд:

🔹 Таълими оби сабз барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ (GreenCA)

Донишгоҳҳои ширкаткунанда аз Тоҷикистон:
🔹 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ (Душанбе)
🔹 Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон (Бӯстон)

Ҳадафи лоиҳа модернизатсияи барномаҳои таҳсилоти олӣ дар соҳаи захираҳои об тавассути ҳамгироии принсипҳои рушди устувор, пешбурди таҳсилоти сабз ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии академӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

⚠️ Муҳим:  Қарори маблағгузорӣ пешакӣ ва ба анҷоми бомуваффақияти раванди дархости грантӣ мувофиқи мӯҳлатҳои озмун вобаста аст. Пеш аз имзои созишнома, EACEA ҳуқуқи бозхонд ё бекор кардани раванди дархостро бидуни масъулият дар назди довталабон нигоҳ медорад.

📌 Маълумоти навшударо аз истинодҳои зерин пайгирӣ намоед: