18 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси муштараки донишгоҳ ва Дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон семинари илмӣ таҳти унвони «Erasmus+ дар Тоҷикистон: рушди байналмилалии таҳсилоти олӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Парвиз Ғафуров, профессорону омӯзгорон, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд. Зимни сухани ифтитоҳӣ Парвиз Ғафуров аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъоли донишгоҳро дар барномаҳои аврупоӣ таъкид кард.
Сипас, ҳамоҳангсози барномаи Erasmus+ дар Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода доир ба имкониятҳои барнома, самтҳои афзалиятнок ва нақши он дар раванди байналмилалигардонии таҳсилоти олӣ маъруза пешниҳод намуд. Дар баромади худ номбурда ба барномаҳои мубодилаи байналмилалии академӣ (International Credit Mobility — ICM), магистратураҳои муштараки Erasmus Mundus (EMJM) ва ташаббусҳои Жан Монне таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд, ки ба густариши ҳамкориҳои академӣ, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва рушди таҳқиқоти илмӣ мусоидат менамоянд.
Дар идома, Аҳрор Ҷафаров — узви гурӯҳи коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олии барномаи Erasmus+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — доир ба татбиқи барномаҳои рушди иқтидор (Capacity Building in Higher Education — CBHE) ва таҷрибаи амалисозии лоиҳаҳои байналмилалӣ суханронӣ карда, зарурати баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди иқтидори илмӣ ва такмили маҳорати касбии омӯзгоронро таъкид намуд.
Дар қисмати саволу ҷавоб иштирокчиён ба масъалаҳои марбут ба шартҳои иштирок дар барнома, имкониятҳои донишҷӯён, тартиби маблағгузорӣ ва меъёрҳои интихоб таваҷҷуҳ зоҳир намуда, посухҳои мушаххас дарёфт карданд. Ҳамзамон, намояндагони донишгоҳ омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар доираи барномаи Erasmus+ иброз доштанд.
Семинар дар фазои созанда ва ҳамкории мутақобилан судманд баргузор гардида, ҳамчун қадами муҳим дар самти таҳкими фаъолияти байналмилалии донишгоҳ арзёбӣ мешавад.