Оиди барномаи Erasmus+

Erasmus+ чист?

Erasmus+ — барномаи Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки ба дастгирии лоиҳаҳои мухталиф, шарикӣ, чорабиниҳо ва ҳаракат дар соҳаҳои маориф, омӯзиш (тайёрии касбӣ), ҷавонон ва варзиш равона карда шудааст.

Барнома имкониятҳои маблағгузории ҳамкорӣ дар ҳамаи ин соҳаҳоро байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) фароҳам меорад. Он дорои ҷанбаи хоси байналмилалӣ буда, ба ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳои ҷаҳон мусоидат мекунад, ки бевосита пешбурди фаъолияти барномаи мазкурро дар кишварҳои мо низ талаб мекунад.

Барномаи Erasmus+ аз ҷониби Комиссияи Аврупо (қисми иҷроияи ИА), Агентии Иҷроияи Аврупо оид ба маориф ва фарҳанг (EACEA), як қатор агентиҳои миллӣ дар кишварҳои барнома ва як қатор дафтарҳои миллӣ дар  кишварҳои алоҳидаи шарик идора карда мешавад.

Комиссияи Аврупо идоракунии умумии барномаро амалӣ менамояд, аз ҷумла:

* идоракунии буҷет
* муқаррар намудани афзалиятҳо
* муайян кардани ҳадафҳо ва меъёрҳои барнома
* мониторинг ва идоракунии татбиқи он
* пайгирӣ ва арзёбии барнома

Erasmus+ як қатор имкониятҳои байналмилалиро ҳам барои шахсони алоҳида ва ҳам муассисаҳои таълимӣ пешкаш мекунад. Аксари лоиҳаҳо ба шарикии 33 кишвари Аврупо ва дигар кишварҳои ҷаҳон асос ёфтаанд.

Барномаи Erasmus+ ҷои ҳафт барномаи муваффақтарини қаблӣ, аз ҷумла Темпус ва Эразмус Мундусро мегирад, ки василаи асосии Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии таҷдиди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Тоҷикистон аз соли 2018 иштирокчии барномаи Erasmus+ буда, ҳадафҳо ва афзалиятҳои онро тавассути  Дафтари миллии  Erasmus+ (NEO) дар Тоҷикистон таблиғ менамояд.

Афзалиятҳои Erasmus+

Барномаи Erasmus+ ба чаҳор афзалияти калидӣ асос ёфтааст, ки тамоми фаъолиятҳои барномаро дастгирӣ мекунанд . Онҳо арзишҳои муштараки аврупоиро инъикос мекунанд ва барои ҳалли мушкилоти асосие, ки имрӯз ҷомеаҳои мо рӯ ба рӯ мешаванд, равона карда шудааст. Ин афзалиятҳо лоиҳаҳои ҳама намудҳоро роҳнамоӣ мекунанд ва илҳом мебахшанд – аз ташаббусҳои маҳаллӣ барои ҳамкории байналмилалӣ ва барои бештар фарогир, устувор, рақамӣ ва демократӣ шудани барнома мусоидат мекунанд. Афзалиятҳои мазкур инҳоянд:

  • Фарогирӣ ва гуногунрангӣ
  • Муҳити зист ва тағйирёбии иқлим
  • Трансформатсияи рақами
  • Иштирок дар ҳаёти демократӣ