Чорабинии «Таҳсилот ва рушди касбият дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм» баргузор гардид

Рӯзҳои 8–9 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон намоишгоҳи Институти байналмилалии шабакавӣ дар самти мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм таҳти унвони «Таҳсилот ва рушди касбият дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз дохил ва хориҷи кишвар доир гардида, ҳамчун як платформаи муҳими табодули таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди иқтидори касбӣ арзёбӣ гардид.

Дафтари миллии барномаи Erasmus+ дар Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, барои донишҷӯёни донишгоҳ як барномаи омӯзишӣ-иттилоотӣ баргузор кард. Дар ҷараёни он ба иштирокчиён оид ба имкониятҳои барномаи Erasmus+, аз ҷумла самтҳои таҳсил, табодули академӣ ва рушди малакаҳои касбӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Иштироки фаъоли донишҷӯён ва таваҷҷуҳи афзояндаи онҳо ба барномаи Erasmus+ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонон ба истифодаи имкониятҳои байналмилалӣ ва рушди шахсӣ ва касбии худ бештар майл доранд.

Дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон минбаъд низ талош менамояд, ки тавассути баргузории чунин чорабиниҳо сатҳи огоҳӣ ва дастрасӣ ба имкониятҳои барнома миёни донишҷӯён ва омӯзгорон боз ҳам баланд бардошта шавад.