ТАЪСИРИ БАРНОМАИ HERE ДАР ИСЛОҲОТИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ВА РУШДИ ТАҲСИЛОТИ САБЗ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар доираи фаъолияти Дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон, узви гурӯҳи коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олӣ (HERE), директори Маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонии Институти иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Саидқосим Мухторов дар семинари байналмилалии SPHERE иштирок намуд. Ин чорабинӣ намояндагони зиёда аз 20 кишварро барои мубодилаи таҷриба ва баррасии таъсири ислоҳоти таҳсилоти олӣ муттаҳид намуд.

Зимни семинар Саидқосим Мухторов бо маърӯза таҳти унвони «HERE Impact Stories: What worked and why» баромад намуда, таҷрибаҳои муваффақи гурӯҳи HERE дар Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Дар маърӯза таваҷҷуҳи махсус ба гузариш ба таҳсилоти сабз равона гардида, осебпазирии экологии Тоҷикистон ҳамчун давлати кӯҳистон бо аҳолии зиёди деҳотӣ ва кишоварзӣ таъкид шуд. Ҳамзамон, аҳамияти стратегии таҳсилоти сабз ҳамчун омили калидии рушди устувор нишон дода шуд.

Ҳамчун намунаи равшани таъсири фаъолияти HERE, таҷрибаи аъзои гурӯҳ доктор Фарҳод Шаропов ва доктор Заррина Қодирова, инчунин таъсиси Институти илмӣ-тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар маърӯза нақши муҳими гурӯҳи HERE дар ташаккули дидгоҳ, афзалиятҳо ва сохтори институт тавассути ҳамкории зич бо ҷонибҳои манфиатдори миллӣ таъкид гардид.

Дар анҷоми баромади худ Саидқосим Мухторов зуҳуроти неонацизм ва ксенофобияро, ки боиси қатли фоҷиабори писарбачаи 10-солаи тоҷик дар як мактаби шаҳри Москва гардидааст, қатъиян маҳкум намуд. Ӯ зарурати фароҳам овардани муҳити бехатар, фарогир ва баробар дар соҳаи маорифро таъкид карда, пешниҳод намуд, ки семинарҳои минбаъдаи HERE ба масъалаҳои амнияти муҳити таҳсил ва баробарӣ бахшида шаванд.

Дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти гурӯҳи HERE-ро дар самти ислоҳоти таҳсилоти олӣ, рушди таҳсилоти сабз ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф дастгирӣ менамояд.