Мақсадҳои асосӣ ва вазифаҳои Дафтари миллии Erasmus+ (NEO)
Баланд бардоштани аҳамият, самаранокӣ ва таъсирнокии барномаҳои Erasmus+ ва Tempus дар Тоҷикистон.
Самтҳои муайяни фаъолияти Дафтари Миллии Erasmus+ инҳоянд:
– Тарғибу ташвиқ ва паҳн намудани маълумот дар бораи имкониятҳои барномаи Erasmus+: ташкили конфронсҳо, семинарҳо, рӯзҳои иттилоотӣ ва дигар чорабиниҳо барои пешбурди Барномаи Erasmus+ ва истифодаи натиҷаҳои он.
– Машварат, иттилоъ додан ва кӯмак расонидан ба довталабони эҳтимолӣ: ташкили вохӯриҳо, семинарҳо барои довталабони эҳтимолӣ; расонидани кӯмак ба довталабони эҳтимолӣ ҷиҳати дарёфти шарикони миллӣ ё байналмилалӣ; дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар ташкилотҳои иштироккунанда дар татбиқи лоиҳаҳо; мусоидат ба ҳамкории байнисоҳавӣ, тақвияти ҳамгироии байни лоиҳаҳо ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам.
– Дастгирии муколамаи сиёсӣ, дастгирии муколама ва тамос бо коршиносон ва мақомоти маҳаллии ҳокимият, мониторинги таҳияи сиёсат.
– Дастгирӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти дастаи миллии коршиносон оид ба ислоҳоти таҳсилоти олӣ (HEREs).
– Пешбурд ва паҳн кардани иттилоот дар бораи дигар барномаҳо, фаъолиятҳо ва ташаббусҳои таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо.