
26 январи соли 2026 дар шаҳри Брюссел (Белгия) ҳамоиши солонаи байналмилалии NEO–ICP–ENFP бо ҳузури намояндагони сохторҳои дахлдори миллӣ, ки дар идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии барномаи мубодилаи таълимии Erasmus+ (Иттиҳоди Аврупо) иштирок мекунанд, оғоз гардид. Аз ҷумла, дар он намояндагони Комиссияи Аврупо, Агентии иҷроияи аврупоӣ оид ба маориф ва фарҳанг (EACEA), Агентии миллии Erasmus+, Дафтарҳои миллии Erasmus+ (NEO), Марказҳои миллии Erasmus+ (ENFP), инчунин намояндагони вазоратҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои шарики барномаи Erasmus+ иштирок намуданд.
Ҳамоиши NEO–ICP–ENFP ҳамчун як майдони муҳими муҳокимаи масъалаҳои мубрами ҳаракати байналмилалии академӣ (мубодилаи академӣ) арзёбӣ гардида, ба табодули равандҳои корӣ ва таҷриба миёни иштирокчиён, дурнамои рушди байналмилалии барномаи Erasmus+ ва нақши сохторҳои миллӣ дар баланд бардоштани самаранокӣ ва устувории ҳамкории илму маориф мусоидат менамояд.
Дар вохӯрӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамоҳангсози Дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон – Моҳбону Нахатзода ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатзода Муяссара Шариф, муаррифӣ намуданд.

Иштироки намояндагони Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки афзалиятҳои миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, ҳамзамон иштироки фаъол дар муҳокимаи самтҳои минбаъдаи рушди барномаи Erasmus+ ва ҳаракати байналмилалии академӣ таъмин карда шавад.
Чорабинӣ бо Семинари байналмилалӣ оид ба ҳаракати академӣ (мубодилаи мобилӣ) оғоз ёфт, ки тамоми марҳилаҳои ин равандро— аз идоракунии ҳаракати донишҷӯён ва кормандон то арзёбии таъсири дарозмуддати он ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, фаро гирифт.
Бо суханони ифтитоҳӣ намояндагони EACEA ва Сарраёсати генералии маориф, ҷавонон, варзиш ва фарҳанг (DG EAC)-и Комиссияи Аврупо баромад намуда, аҳамияти стратегии ҳаракати байналмилалии академиро барои таҳкими низомҳои миллии маориф таъкид карданд.
Дар доираи муҳокимаҳои панелӣ масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:
- мушкилиҳои асосӣ ҳангоми татбиқи ҳаракати донишҷӯён;
- механизмҳои дастгирии иштирокчиёни барномаи Erasmus+;
- истифодаи ҳаракати кормандони омӯзгорӣ ва маъмурӣ ҳамчун воситаи рушди институционалӣ;
- нақши дафтарҳои миллӣ ва нуқтаҳои тамос дар ҳамроҳии лоиҳаҳои ҳаракат.
Дар рафти ҳамоиш ба масъалаҳои фарогирӣ, сатҳу сифати мубодилаҳои академӣ ва мутобиқати он ба ҳадафҳои стратегии муассисаҳои таҳсилоти олӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар идомаи чорабинӣ ҳамзамон ҷаласаҳои зерин баргузор гардиданд: - ҷаласаи гурӯҳи кории ICP;
- ҷаласаи NEO;
- ҷаласаи ENFP;
- инчунин ҷаласаҳои минтақавӣ барои кишварҳои Баҳри Миёназамини Ҷанубӣ, Балканҳои Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ ва Ховари наздик.
Дар навбати худ, дар доираи ҷаласаи Дафтарҳои миллии Erasmus+ (NEO) масъалаҳои калидии зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: - дурнамои фаъолияти NEO пас аз соли 2026;
- идоракунии грантҳо ва талаботи ҳисоботдиҳӣ;
- омодагӣ ба даъвати нави пешниҳоди лоиҳаҳо (NEO Invitation to Submit);
- истифодаи самараноки захираҳои SPHERE ва ҷалби коршиносони HERE;
- стратегияҳои коммуникатсионӣ барои тарғиби ташаббусҳои Erasmus+ дар сатҳи миллӣ.
Дар ҷаласаҳои минтақавӣ намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, афзалиятҳо ва ниёзҳои муштаракро муайян намуда, роҳҳои таҳкими нақши Дафтарҳои миллии Erasmus+ дар минтақаро мавриди муҳокима қарор доданд.
