БАРГУЗОРИИ РӮЗИ МИЛЛИИ ИТТИЛООТИИ ERASMUS+ ДАР ТОҶИКИСТОН: МУКОЛАМАИ СТРАТЕГӢ ДАР ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ

18 декабри соли 2025 Дафтари миллии Erasmus+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Рӯзи миллии иттилоотии Erasmus+ (Erasmus+ National Big Info Day)-ро баргузор намуд.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, намояндагони як қатор сафоратхонаҳои кишварҳои аврупоӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷопон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва миллӣ, ки дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд, иштирок карданд.

Ҳадафи асосии баргузории Рӯзи миллии иттилоотии Erasmus+ рушди муколамаи стратегӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, муаррифии имкониятҳои васеи барномаи Erasmus+ ва таҳкими ҳамкориҳои устувор миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Қабл аз оғози расмии чорабинӣ ярмаркаи иттилоотӣ ва намоишии лоиҳаҳо баргузор гардид, ки дар он муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва миллӣ иштирок намуданд. Ярмарка ҳамчун платформаи муколама ва ҳамкорӣ хизмат намуда, барои пайдо намудани шарикони нав, ҷалби ҷонибҳои манфиатдор (stakeholders) ва мубодилаи ғояҳои инноватсионӣ ҷиҳати рушди лоиҳаҳои муштарак дар доираи барномаи Erasmus+ замина фароҳам овард.

Қисми расмии чорабинӣ бо суханони ифтитоҳии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Равшан Каримзода, муовини роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷаноби Фердинанд Йенрих ва ҳамоҳангсози миллии Дафтари Erasmus+ дар Тоҷикистон, доктор Моҳбону Нахатзода оғоз гардид. Дар баромадҳо нақши муҳими барномаи Erasmus+ дар рушди таҳсилоти олӣ, тақвияти иқтидори институтсионалӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид карда шуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ самтҳои афзалиятнок ва имкониятҳои асосии барномаи Erasmus+ муаррифӣ гардиданд. Иштирокчиён бо ташаббусҳо ва лоиҳаҳои амалишаванда, аз ҷумла International Credit Mobility, Jean Monnet, Capacity Building in Higher Education (CBHE), рушди микроквалификатсияҳо, инчунин лоиҳаҳо дар самти рушди устувор, иқтисоди «сабз» ва идоракунии хуб шинос шуданд. Муҳокимаҳо ба тақвияти иштироки муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами аврупоӣ равона гардида буданд.

Қисми алоҳидаи барнома ба сессияи «Erasmus+ аз нигоҳи хатмкардагон» бахшида шуд. Дар ин сессия хатмкардагони барнома таҷрибаи шахсӣ, дастовардҳои академӣ ва касбии худро баён намуда, таъсири мусбати Erasmus+-ро ба рушди малакаҳои касбӣ, ҷаҳонбинӣ ва имкониятҳои минбаъдаи фаъолияти худ таъкид карданд.

Дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон баргузории Рӯзи миллии иттилоотиро як қадами муҳим дар самти тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди иқтидори таълимӣ ва пешбурди ислоҳоти соҳаи таҳсилоти олӣ арзёбӣ менамояд ва минбаъд низ барои густариши иштироки муассисаҳои тоҷик дар барномаи Erasmus+ талош хоҳад кард.